Ссылки доступа

Остона аз Пхенян хост, аз ҷоҳталабиҳои ҳастаӣ даст кашад


Қазоқистон озмоиши ҳастаии рӯзи якшанбеи Куриёи Шимолиро маҳкум карда, аз ин кишвар хост, ки аз ҷоҳталабиҳои ҳастаияш даст кашад ва сари мизи муколама нишинад. Дар ин бора дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон зикр шудааст.

3 сентябр Пхенян хабар дод, ки бомбаи ҳидрогенӣ озмоиш кардааст. Ин бомба дар мушакҳои болдори байниқоравӣ насб мешавад. Сафири ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ рӯзи 4 сентябр аз Шӯрои Амнияти СММ хост, нисбати Куриёи Шимолӣ чораҳои фаврӣ андешад.

"Қазоқистон ин озомоишро ғайри қобили қабул медонад ва амалкарди Куриёи Шимолиро, ки хилофи қатъномаи Шӯрои Амният аст, маҳкум менамояд. Қазоқистон бар ин назар аст, ки роҳбарияти Куриёи Шимолӣ ба талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар амри халъи силоҳи ҳастаӣ зарбаи ҷиддӣ мерасонад ва ба амнияти ҷаҳону нимҷазираи Куриё таҳдид мекунад", - омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон.

Дар як изҳороти ҷудогона 4 сентябр вазорати мазкур дар робита ба "ташаннуҷи вазъ" дар иёлати Ракхайни Мянмар нигаронӣ баён карда, аз ҳамаи ҷонибҳои даргир хост, ки ҷангро хатм ва ба гуфтугӯ нишинанд.

XS
SM
MD
LG