Ссылки доступа

Ҳайати расмии Тоҷикистон дар нишасти САҲА иштирок намекунад


Мухолифони тоҷик

Ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар нишасти марбут ба вазъи ҳуқуқи башар ва зиндониҳои сиёсӣ, ки дар ҷаласаи ҳошиявии созмони Human Rights Watch (HRW) ташкил мешавад, иштирок накунад. Ҷаласаи САҲА, ки субҳи 11 сентябр дар шаҳри Варшава шурӯъ шуд, ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар 57 кишвари узви ин созмон ихтисос ёфтааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пештар гуфт, ки дар сурати ширкати ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва "Гуруҳи 24"дар нишасти САҲА, мумкин аст, намояндагии САҲА дар Тоҷикистон комилан баста шавад.

Cубҳи 11 сентябр ҳудуди 20 нафар аз аъзои мухолифони тоҷик дар назди бинои САҲА даст ба ҳамоиши эътирозӣ зада талош доранд таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба мавзӯи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҷалб кунанд. Хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Брюс Паннир аз Варшава хабар дод, ки ҳайати ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт дар ҷаласаҳои баъдӣ, аз ҷумла, нишастҳои ҳошиягии ин ҷаласаҳо ҳузур надошта бошад. Брюс Паннир баъд аз зуҳри 11 сентябр, дар лаҳзаҳои пеш аз шурӯи нишасти HRW ва мухолифони тоҷик гуфт, ба маҷлисгоҳ хабаре расид, ки ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон нишасти САҲАро хотима додааст.

Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони ин созмони сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯъшуда ба нишаст даъват шудаанд ва ширкату суханронии онҳо низ дар назар гирфита шудааст. Танҳо ба гуфтаи ӯ, ҳоло дақиқ нашудааст, ки Кабирӣ ҳузурӣ сӯҳбат мекунад ваё ба таври онлайн.

Моҳи сентябри соли гузашта дар ин нишаст намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин дар ин нишаст вориди баҳси лафзӣ шуда буданд. Ҷониби Тоҷикистон бо нишони эътироз ин ҷаласаро тарк кард ва баъдан гурӯҳе аз донишҷӯён дар Душанбе назди дафтари САҲА даст ба эътироз заданд. Тоҷикистон мухолифон – аъзои ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”-ро ғайриқонунӣ ва террористӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG