Ссылки доступа

Отамбоев бо Путин дар Сочӣ мулоқот мекунад


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 14 сентябр бо ҳамтои русаш Владимир Путин мулоқот хоҳад кард.

Ба огаҳии шуъбаи сиёсати иттилоотии президенти Қирғизистон, ин вохӯрӣ дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуда, раҳбарони ду давлат дар ин бобат 14 августи соли равон дар як суҳбати телефонӣ созиш карда буданд.

Дар ин мулоқот қарор аст, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва амалкардҳои муштараки Қирғизистону Русия дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ шаванд.

Манбаъ мегӯяд, Путин ва Отамбоев моҳҳои октябр ва ноябри соли равон низ дар доираи ҷаласаҳои ИИАО ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ мулоқот хоҳанд кард.

Давраи президентии Алмосбек Отамбоев 1 декабри соли равон ба поён мерасад. Президенти нави Қирғизистон 15 октябри соли равон интихоб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG