Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо барои густариши Wi-Fi-и ройгон 120 млн евро харҷ мекунад


Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи "wifi4eu" барои дастрасии ройгон ба мавҷи Wi-Fi дар ҳудуди Иттиҳод 120 миллион евро ҷудо мекунад. Ҳадафи барнома фаро гирифтани минтақаҳои камаҳолӣ бо интернет унвон мешавад. Дар ин бора дар сомонаи Порлумони Аврупо хабар дода шудааст.

Тибқи қарор, нуқтаҳои дастрасии ройгон ба интернет дар наздики 8 ҳазор минтақаи аҳолинишин, боғҳо, беморхонаҳо, мактабҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Фаъолияти нуқтаҳои дасрасӣ ба интернетро муассисаҳои давлатӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ таъмин мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, эҳтимол дорад, чунин нуқтаҳо аллакай дар соли 2018 ба кор пардозанд.

XS
SM
MD
LG