Ссылки доступа

Ба Жапаров иҷозат надоданд, то дар ҷанозаи падараш иштирок кунад


Додгоҳи олӣ ва Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон ба вакили пешини порлумони ин кишвар Содир Жапаров, ки дар зиндон аст, иҷозат надоданд, то дар ҷанозаи падараш иштирок кунад. Дар ин бора ҳамсари ӯ Ойгул Жапарова иттилоъ дод.

Падари Жапаров 20 сентябр дар синни 84 даргузашт ва қарор аст, маросими дафни ӯ 22 сентябр дар зодгоҳаш -- деҳаи Кенсууи ноҳияи Тюпи Қирғизистон баргузор шавад.

Вакили порлумони Қирғизистон Талант Маматов 21 сентябр дар ҷаласаи порлумонӣ даъват кард, ки ба Жапаров иҷозат диҳанд, то дар ҷанозаи падараш иштирок кунад. Ӯ аз раиси порлумон Чинибой Турсунбеков хост, дар ин бора дастури протоколӣ диҳад.

Додгоҳи Якуми майи Бишкек Жапаровро 3 август 11,5 сол зиндонӣ кард. Додгоҳи шаҳрии пойтахти Қирғизистон 15 сентябр ҳукми ӯро бетағйир гузошт. Жапаров дар ташкили тазоҳуроти тирамоҳи соли 2013 дар вилояти Иссиқкӯл ва гаравгонгирии раиси вилоят Эмилбек Каптагаев айбдор эълом шуд. Худи Каптагаев аз додгоҳ хост, Жапаровро сафед кунад.

Содир Жапаров замоне, ки мурофиаҳои додгоҳияш идома доштанд, номзадии худро ба мақоми президентии Қирғизистон дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ кард. Вале Комисияи марказии интихоботи ин кишвар 10 август номи ӯро аз рӯйхати номзадҳо ҳазф кард.

XS
SM
MD
LG