Ссылки доступа

Шӯрои назди Путин: "Ҳуқуқи муҳоҷирони боздоштшудаи тоҷик нақз шудааст" (видео)


Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон аз Вазорати умури дохилии ин кишвар дархост кардааст, ки қазияи латту кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар фурӯшгоҳи "Москва" ва боздошти дастаҷамъии муҳоҷиронро дар пайи он таҳқиқ кунад.

Денис Набиуллин, узви шӯро 21 сентбяр ба хабаргузории русии ТАСС гуфтааст, ки 22 муҳоҷир як шабонарӯз аст, дар шӯъбаи пулиси "Люблино" бидуни ғизо нигоҳдорӣ мешаванд.

"Ба ҷуз ин, 20 шаҳрванди дигари Тоҷикистонро низ дидем, ки ба ШКД овардаанд, вале ба далели он ки дар боздоштгоҳ ҷой нест, онҳоро дар долони шӯъбаи пулис нигоҳ медоранд", - афзудааст Набиуллин.

Ба гуфтаи ӯ, бархеи боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки ба қазияи фурӯшгоҳи "Москва" ҳеҷ рабте надоранд. "Онҳоро танҳо ба хотири он ки шиносномаи тоҷикӣ доштанд, дар бозори "Садовод" дастгир карда, ба ШКД интиқол додаанд", - мегӯяд Денис Набиуллин

Шаби 20 сентябр дар минтақаи Тихоретскийи шаҳри Москва бо иштироки кормандони фурӯшгоҳи "Москва" -- шаҳрвандони Тоҷикистон ва маъмурони ширкати хусусии муҳофизатӣ задухӯрде сурат гирифт. Ба ин занозанӣ хабари латту кӯб ва кушта шудани як шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Наврӯз Зикиров сабаб шуд.

Хадамоти матбуотии пулиси Москва хабар дод, ки кормандони ин ниҳод ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, аз занозании дастаҷамъӣ пешгирӣ карданд. Он шаб беш аз 200 нафар бошандаи шаҳри Москва боздошт шуданд, ки аксарашон муҳоҷирони корианд.

Избиение мигранта стало поводом для массовых волнений в Москве
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:38 0:00

​Раёсати умури дохилии Москва дар робита ба ин қазия бо моддаи "Авбошӣ" парванда боз кардааст. Вазъи саломатии Зикиров, ки аз тарафи муҳофизони фурӯшгоҳи "Москва" латту кӯб шудааст, муътадил арзёбӣ шуда, табибон мегӯянд, ба ҷони ӯ чизе таҳдид намекунад.

XS
SM
MD
LG