Ссылки доступа

Додситонӣ зидди се ширкати кордеҳи тоҷикон дар Саудӣ парванда боз кард


Додситонии кулли Тоҷикистон зидди масъулони се ширкате, ки ба интиқоли шаҳрвандони кишвар барои кор ба Арабистони Cаудӣ машғул буданд, бо айби хариду фурӯши одамон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба огаҳии Додситонии кул, ин ширкатҳо сокинони Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ интиқол дода, дар мавридҳое онҳоро ба корҳои маҷбурӣ ҷалб кардаанд. "Феълан парвандаҳои ҷиноӣ нисбати масъулони ширкатҳои "Ҷамол-2012", "Имкон-2015" ва "Абдулкарим" боз шуда, тафтишот идома дорад", - гуфтанд дар дафтари матбуотии Додситонии кул рӯзи 26 сентябр.

Ин ниҳод мегӯяд, ширкатҳои мазкур соли 2016 ва нимаи аввали соли равон чанд сокини кишвар, аз ҷумла ду занро ба Саудия ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар намудаанд, ки дар он ҷо онҳоро дар манзилҳои зисти шаҳрвандони араб берун аз бандҳои шартнома ба корҳои маҷбурӣ ҷалб карда, музди маошашонро пардохт накардаанд.

Ҳоло зидди ин се ширкат барои хариду фурӯши одамон, бо мақсади сӯиистифодаи кор ё хидматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ бо моддаи 130, қисми 2, бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноии кишвар парванда боз шудааст.

Додситонӣ дар ҳоле аз оғози ин парвандаҳои ҷиноӣ хабар медиҳад, ки тайи ду моҳи гузашта ҳадди аққал ду зани тоҷик аз таҷрибаи талхи худ ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ шикоят карданд.

Шикваи онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор ва ҳаққи ками заҳмат ва гоҳо латукӯбу хушунат диданашон буд. Ин занҳо қаблан гуфта буданд, ки шароити кории онҳо дар манзили шаҳрвандони Арабистон хеле вазнин буд.

XS
SM
MD
LG