Додгоҳ аз ВКД Русия талаб кард, ки дар бораи мавҷуд будани сирри давлатӣ дар парванда маълумотнома пешниҳод кунад. Худи Фирӯз аз додгоҳ хоста буд, қонунӣ будани ҷавоби радди ВКД Русия ба дархости паноҳандагии ӯро бисанҷад.
Бар пояи қарори додгоҳи Русия, Алӣ Фирӯз то содир шудани ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи инсони Аврупо, ки шикояти рӯзноманигорро баррасӣ мекунад, аз ин кишвар ихроҷ нахоҳад шуд. Рӯзноманигор дар ҳоли ҳозир дар маркази нигаҳдории муваққати паноҳандагон қарор дорад.
Алӣ Фирӯз, ки номи аслияш Худобердӣ Норматов аст, 1 август дар Москва боздошт шуд. Ӯро дар нақзи қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор мекунанд. Ба гуфтаи наздикону ҳамкоронаш, рӯзноманигор дар сурати истирдодаш ба ватан -- Ӯзбекистон шиканҷа хоҳад шуд.