Ссылки доступа

Нависандаи дигарандеши ӯзбек ба ватанаш бармегардад


Нуруллоҳ Отахонов (Нуруллоҳ Муҳаммад Рауфхон), нависандаи ӯзбек тасмим гирифтааст, ки ба Ӯзбекистон баргардад.

Ин нависанда, ки солҳои охир дар Туркия истиқомат мекард, пеш аз парвози Истамбул ба Тошканд гуфт, бо даъвати Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба ватанаш бармегардад. Мирзиёев чанде пеш аз ҳамаи ӯзбекҳои хориҷ даъват кард, ки ба ватанашон баргарданд.

Нуруллоҳ Отахонов ду сол пеш бо даъвати нашрияи истамбулии Ferfir ба Туркия рафта буд.

"Ин нашрия маро барои рӯнамоии китобам дар ҳузури хонандагон, даъват карда буд. Аммо аз сабаби он ки чорабинӣ ба таъхир гузошта шуд, ман маҷбур шудам дар Туркия чанд муддат боқӣ монам. Дар ин муддат китоби дигарам "Ин рӯзҳо"-ро, ки рушди Ӯзбекистон дар даврони истиқлолро нақд мекунад, ба нашр расонидам. Баъди нашри китоб нохушиҳо шуруъ шуданд. Бисёре аз дӯстонам ба ман маслиҳат доданд, ки муваққатан аз баргашт ба Ӯзбекистон худдорӣ варзам", - гуфт нависанда.

Нуруллоҳ Отахонов ҳукумати Ислом Каримовро дар китоби "Ин рӯзҳо"-яш танқид мекунад. Вай мегӯяд, баъди нашри китоб мақомоти Ӯзбекистон ӯро "душмани халқ" ва "ватанфурӯш" номидаанд. Охири соли 2013 Отахонов бо баҳонаҳои номаълум аз мудирии нашриёти "Мовароуннаҳр" ва сармуҳарририи маҷаллаи "Ҳидоят" барканор шуд. Баъди ин ӯро шомили рӯйхати одамони "номақбул" карданд.

Моҳи августи соли ҷорӣ ҳукумати Ӯзбекистон хабар дод, чанд ҳазор одам аз рӯйхати сиёҳи пайравони ҷараёнҳои тундгарои динӣ ва дигарандешон хориҷ шудаанд. Нуруллоҳ Отахонов мегӯяд, маҳз ҳамин тасмим ӯро водор кардааст, ки ба ватанаш баргардад.

XS
SM
MD
LG