Вазири молияи ИМА Стивен Мнучин гуфт, ин тасмим барои дар инзиво қарор додани Куриёи Шимолӣ гирифта шудааст, то халъи силоҳи ҳастаии нимҷазираи Куриё аз роҳи осоишта ба даст ояд.
Чанде пеш Вашингтон иддаои вазири умури хориҷии Куриёи Шимолиро сафсата номид, ки гуфт, ИМА зидди кишвараш ҷанг эълом кардааст ва Пхенян аз минбаъд ҳақ дорад, ҳавопаймоҳои низомии амрикоиро дар марзҳои худ сарнагун созад.
Куриёи Шимолӣ ибтидои моҳи равон шашумин озмоиши ҳастаии худро, ки хилофи қатъномаи СММ аст, анҷом дод. Шӯрои амнияти СММ дар посух ба он таҳримҳои зидди Пхенянро афзоиш дод.