Дар Ситоди кулли Украина харобкорӣ будани таркиши анбори муҳимоти ҷангиро аз эҳтимол дур намедонанд. Он яке аз бузургтарин анбори аслиҳаи Украина шумурда мешуд. Мушовири вазири умури дохилии ин кишвар Зорян Шкиряк дар Фейсбук навишт, ки таркиши анбор кори "харобкорҳои рус" аст.
Шаби сешанбе тахминан соатҳои 22:00 дар анбори силоҳи қисми низомии А1119 нахуст сӯхтор ва баъдан таркиш ба амал омад. Дар натиҷа 30 ҳазор сокини маҳаллӣ ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд. Тибқи иттилои пешакӣ, дар ин ҳодиса як зан ҷароҳат бардоштааст.
Ба ҷуз ин, равуои ҳавоӣ ва ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Виннитса-Киев қатъ гашта, масири қатораҳо низ тағйир дода шудааст. Дар ин анбор, ки дар масоҳати 60 ҳектар замин ҷойгир аст, 188 ҳазор тон лавозимоти ҷангӣ нигаҳдорӣ мешуд.