Ссылки доступа

Аз Қазоқистон мехоҳанд, қарорҳои СММ-ро иҷро кунад


Дар сомонаи Эътилофи масоили амният ва ҳифзи ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони PANA додхост бо даъват аз қабули қонуне, ки шеваи иҷрои қарорҳои кумитаи СММ дар Қазоқистонро ба танзим дарорад, нашр шудааст.

Дар додхост зикр шудааст, додгоҳҳо наметавонанд қарорҳои кумитаҳои СММ-ро ба далели мавҷуд набудани қонуни марбута дар Қазоқистон ба иҷро расонанд.

Қазоқистон 2 марти соли 1992 узви СММ шуд. Аммо, тавре дар додхост омадааст, бештар аз 25 қароре, ки аз сӯи се кумитаи СММ сар аз соли 2011 ба ин тараф нисбати Қазоқистон қабул шудааст, ба иҷро нарасидаанд. Соли ҷорӣ нисбати Қазоқистон 5 қарор қабул шуд.

Пештар аз ин дар бораи саргузашти сокини Остона Жаслан Сулаймонов, ки моҳи марти соли ҷорӣ дар баҳси зидди Қазоқистон пирӯз шуд, хабар расид. Кумитаи СММ эътироф кард, ки Сулаймонов замони боздошташ шиканҷа шуда, нисбаташ рафтори ғайриинсонӣ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG