Ссылки доступа

Раъйпурсии истиқлоли Курдистони Ироқ баргузоршуда эълом шуд


Комисияи марказии интихоботи Курдистони худмухтор раъйпурсии истиқлоли ин минтақаро аз Ироқ, ки 25 сентябр барпо гашт, баргузоршуда эълом кард. Ба ҷонибдорӣ аз истиқлоли Курдистон 93%-и интихобкунандаҳо раъй додаанд.

Ба иттилои Associated Press, дар раъйпурсӣ 72%-и интихобкунандаҳо иштирок кардаанд. То эъломи натоиҷи раъйпурсӣ порлумони Ироқ аз сафарбар кардани нирӯҳои низомӣ ба Киркук ҷонибдорӣ кард, ки мақомоти Курдистон онро ҷузъи минтақаи худ медонанд.

Порлумони Ироқ ҳамчунин сарвазир Ҳайдар ал-Ибодиро вазифадор кард, то дар робита ба ҳифзи тамомияти арзии ин кишвар чора андешад ва ба артиш дастур диҳад, ки ба минтақаҳои баҳсӣ, аз ҷумла Киркук баргарданд.

Гуруҳҳои мусаллаҳи Курдистони Ироқ соли 2014 Киркукро зери идораи худ қарор доданд. Ҳукумати минтақавии Курдистон номи онро низ дар раъйпурсӣ барои истиқлолхоҳӣ аз Ироқ шомил кард.

Бағдод раъйпурсии Курдистонро ғайриконститутсионӣ номид. Сарвазири Ироқ ба лағви натиҷаҳои он даъват кард. Туркия ва Эрон, ки сокинони зиёди курд доранд, зидди истиқлоли Курдистони Ироқ баромаданд.

XS
SM
MD
LG