Вазири қазоқ зери мафҳуми "таблиғ" "тасаввуроти фикру ақидаҳои манфӣ ", барои намуна, тарғиби худкушӣ, терроризм, андешаҳои тундрави динӣ, таҳаммулнопазирии миллӣ ва нажодиро мефаҳмад.
Абаев ҳамчунин илова ба қонун "Дар бораи ВАО"-и Қазоқистонро шарҳ дод, ки рӯзноманигоронро вазифадор мекунад, барои паҳни маълумот дар бораи ҳаёти оилавӣ, тиббӣ, бонкӣ, тиҷорӣ ва шахсӣ розигии афроди мавриди назарашонро ба даст оранд.
"Ба рӯзноманигорон навиштан дар бораи мошинҳои гаронарзишу хонаҳои боҳашамати мансабдоронро манъ намекунем. Ин ба ҳеч ваҷҳ ба сирҳои дар боло омада шомил намешавад. Бахусус, рафтори номуносиби мансабдорону наздиконашон. Бархеҳо фикр мекунанд, ки мансабдорон зери мафҳуми сирри оилавӣ метавонанд, даромади кории худро низ пинҳон кунанд. Вале ман мегӯям, ки наметавонанд", - афзуд Абаев.
Ӯ ҳамчунин талош кард, афзоиши муҳлати посухи идораҳои давлатӣ ба дархости рӯзноманигоронро то ба 15 рӯз шарҳ диҳад. "Солҳои ахир шумори дархостҳои расонаҳо 10 баробар афзоиш ёфтааст ва бештари онҳо таҳқиқи мушикофонаро мехоҳанд. Вале ба далели маҳдуд будани вақт идораҳо маҷбур мешаванд, расман ҷавоб диҳанд", - изҳор дошт ӯ.