Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон чанд маркази омӯзишӣ аз ҳаққи фиристодани ҷавонон ба хориҷа маҳрум шуданд


Мақомоти Тоҷикистон баъзе аз созмонҳои мустақил, аз ҷумла Мултикид ва ТМ-International-ро аз ҳаққи интиқоли ҷавонон барои таҳсил дар хориҷа маҳрум карда ва созмони “Scorp”-ро пурра бастаанд. Масъулони Вазорати маориф гуфтанд, ки ин созмонҳо бе машварат ба интиқоли ҷавонон ба донишгоҳҳои хориҷӣ машғул буданд.

Алидод Расулзода, раиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф гуфт, пас аз огоҳии онҳо баъзе созмонҳо самти корашонро тағйир додаанд. "Баъзеи онҳо ба таълими забонҳои хориҷӣ дар дохили кишвар машғуланд. Мо ба ин паҳлӯи корашон эътирозе надорем. Гоҳе мебинем, ки боз худсарона мехоҳанд фаъолиятро аз сар гиранд ва мо ба онҳо мефаҳмонем, ки имкон надорад", - афзуд Расулзода.

Бо таваҷҷуҳ ба майли зиёди ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар хориҷ солҳои ахир теъдоди созмону марказҳое, ки ин имкониятро барои ҷавонон пешниҳод мекарданд, низ афзуда буд. Яке аз ин ширкатҳо "Tm-International" буд, ки бо ташкили намоишгоҳи вижа лоиҳаҳои худро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Малайзия муаррифӣ мекард. Ин марказ ҳам ахиран бо дастури маориф аз ҳаққи интиқоли ҷавонон ба хориҷа маҳрум монд.

Аммо исми ин созмон моҳи апрели имсол дар пайи он расонаӣ шуд, ки Вазорати маориф барои баргузории намоишгоҳ ба масъулини он иҷозат надод. Он замон пулис аз баргузории намоишгоҳи таҳсил дар хориҷа дар Душанбе ҷилавгирӣ кард ва довталабону меҳмонҳоро пароканда намуд. Баъди он Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз иқдоми худ дар амри пароканда кардани намоишгоҳи созмони маърифатии «Мултикид» дар Душанбе ҳимоят кард ва гуфт, ин маъракаро муассисонаш бидуни иҷозат мехостанд барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG