Ссылки доступа

Путину Эрдуғон дар Анқара вазъи Ироқу Сурияро баррасӣ мекунанд


Президенти Русия Владимир Путин имрӯз бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон дар Анқара мулоқот мекунад. Дар ин мулоқот вазъи Сурияву Ироқ баррасӣ хоҳад шуд. Сафари якрӯзаи Путин ба Туркия баъд аз се рӯзи гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои туркаш сурат мегирад. Дар ин суҳбат ду президент раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистони Ироқро баррасӣ карданд.

Аз дастгоҳи президенти Туркия хабар доданд, ки дар гуфтугӯ бо Путин муносибатҳои дуҷониба, масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ҳамчунин вазъи Сурияву Ироқ муҳокима мешаванд.

Москваву Анқара дар ҷанги Сурия аз нирӯҳои мухталиф ҷонибдорӣ мекунанд. Русияву Эрон аз президенти Сурия Башор Асад пуштибонӣ мекунанд ва Туркияву ИМА ба гуруҳҳои гуногуни шӯришгар ёрӣ мерасонанд. Аммо сарфи назар аз ин, Русияву Туркияву Эрон моҳи ҷорӣ дар гуфтугӯҳои Остона дар масъалаи таъсиси минтақаи амн дар вилояти Идлиби Сурия ба созиш расиданд.

XS
SM
MD
LG