Ссылки доступа

Даъвати HRW аз мақомоти ӯзбек барои раҳоии Нуруллоҳ Отахонов


Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсони Human Rights Watch (HRW) дар робита ба боздошти нависандаи дигарандеши ӯзбек Нуруллоҳ Отахонови 63-сола баъди бозгашташ ба ватан изҳори нигаронӣ кард.

"Боздошти Отахонов аз тарафи мақомот нигарониҳоеро ба бор овардааст. Аз ҷумла баъди хабарҳои ахир дар бораи бистарӣ шудани ӯ ва изҳороти президент Шавкат Мирзиёев дар бораи як қатор иқдомҳо ба хотири беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Ӯзбекистон", - гуфт пажӯҳишгари HRW дар умури Осиёи Марказӣ Стив Свердлов.

Human Rights Watch аз мақомоти Ӯзбекистон даъват кардааст, ки Нуруллоҳ Отахоновро озод карда, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар бахши ҳуқуқи инсон иҷро кунанд ва озодии баёни сокинонро кафолат диҳанд.

Ёдрас мешавем, Нуруллоҳ Отахонов, ки баъди ду соли фирори ихтиёрӣ 26 сентябр аз Туркия ба шаҳри Тошканд баргашт, аз тарафи пулис боздошт ва бо завлона ба идораи пулис интиқол дода шуд.

Гулнора Отахонова, ҳамсари нависанда гуфт, шавҳари вай дар паҳни ақидаҳои тундгароӣ дар китоби "Ин рӯзҳо"-яш айбдор мешавад. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи умури дини Ӯзбекистон китоби "Ин рӯзҳо"-ро тундгароӣ эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG