Турчинов гуфт, дар натиҷаи сӯхтор қисми назарраси муҳимоти ҷангӣ маҳв шудаанд. "Ин ҳодиса нишон дод, ки Украина тавони ҳимоят аз тӯпхонаҳои худро надорад", - афзуд котиби Шӯрои амнияти Украина.
Шаби 27 сентябр тахминан соатҳои 22:00 дар анбори силоҳи қисми низомии А1119 нахуст сӯхтор ва баъдан таркиш ба амал омад. Таркиши гулӯлаҳо то ҳол идома дорад. Мақомоти украин хисороти сӯхторро 800 миллион доллари ИМА арзёбӣ карданд.
Додситонии низомии Украина ҳодисаро ҳамчун харобкорӣ таҳқиқ дорад. Тафтишот даст доштани Русияро дар он аз эҳтимол дур намедонад. Вале то ҳол ягон "изи русӣ" ошкор нашудааст.