Ссылки доступа

Ҷаласаҳои порлумони Қирғизистон муваққатан боз дошта шуданд


Ҷаласаҳои порлумони Қирғизистон ду ҳафта пеш аз поёни интихоботи президентии ин кишвар муваққатан боз дошта шуданд. Раиси порлумон Чинибой Турсунбеков 28 сентябр гуфт, ин тасмим ба далели ҳузури ками вакилон дар ҷаласаҳо гирифта шуд.

"Ҷамъан 58 вакил аз қайд гузаштанд. Ин маънои онро дорад, ки шумори лозимии онҳо ҳузур надоранд. Бинобар ин, ҷаласаи имрӯз ба охир расид. Мо бо шумо дар ҷиноҳ ва кумитаҳо вомехӯрем ва ҷаласаи навбатии порлумон баъди интихобот баргузор хоҳад шуд", - афзуд ӯ.

Порлумони Қирғизистон, ки 120 вакил дорад, ҳафтае ду бор барои баррасӣ ва қабули қонунҳо ҷаласа баргузор мекунад.

15 октябр дар ин кишвар интихоботи президентӣ баргузор мешавад. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз иштироки фаъолонаи вакилони порлумон дар маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо хабар медиҳанд.

XS
SM
MD
LG