Ссылки доступа

Бокси касбӣ ва кикбоксингро дар Тоҷикистон манъ мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 28-уми сентябри 2017 (HD)

- Бокси касбӣ ва кикбоксингро дар Тоҷикистон манъ мекунанд. Мумкин аст дар оянда дар муассисаҳои давлатии Тоҷикистон аз таълим додани баъзе аз муҳорибаҳои омехта ба мисли кикбоксинг, бокси касбӣ даст бикашанд. Кумитаи кор бо ҷавонону варзиш пешниҳод кардааст, ки 9 навъи муҳорибаҳои омехта, дар муассисаҳои давлатӣ дарс дода нашаванд (видео аз Директ)

- Сайфиддин Назарзода ва қудояш 2 ҳазор $ ҷарима шуданд. Сайфиддин Назарзода, раиси собиқи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, барои нақзи қонуни танзим ҳангоми баргузории тӯйи писараш дар ду моҳи пеш ба пардохти 12-уним ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан якуним ҳазор доллар ҷарима шуд (видео)

- Таксиронии Сайсорои 63-сола ва мухолифати шадиди фарзандонаш. Сайсоро Қодироваи 63-сола якчанд сол пеш сактаи мағзӣ шуд. Ӯро ҷароҳӣ карданд. Осори ин бемори ҳанӯз ҳам дар чеҳрааш пайдост. Бо вуҷуди таъкиди табибу фарзандон, боз паси чамбари мошин нишаст (видео)

- Чаро дар Душанбе низомиҳо зиёд шуданд? Мақомоти Тоҷикистон дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари кишвар чораҳои амниятиро сахттар карда, биноҳои муҳими давлатӣ, сафоратҳо ва ҷойҳои серодамро таҳти назорати ҷиддӣ гирифтаанд (видео)

- Чаро дар Тоҷикистон занон розӣ мешаванд, ки "ҳамсари дувум" бошанд. (видеои Настоящее время)

- Президенти Русия Владимир Путин дар Туркия вазъи Сурияро арзёбӣ мекунад. (видео)

- Ширкати "Мегаком" ба "маликаи африқоӣ" барои чӣ лозим аст? (видео аз Директ)​

- Дар бораи намоишгоҳи "Муҳоҷирон: нирӯи назарногир дар Осиёи Марказӣ. (видео аз Қирғизистон)​

- Аз харобкорӣ то дуздӣ. Чаро анбори аслиҳаи Украина таркид? (видеои Настоящее время)

- "На паррон!". Фаъолони Москва дар як тазоҳуроти зиддиҷангӣ дар назди пайкараи Калашников суруди "На паррон!"-ро замзама карданд. (видео аз Қирғизистон)

- Бедаракшавии шубҳанок: Чаро касе ба "наҷот"-и сарояндаи чечен бовар намекунад? (видеои Настоящее время)​

- Бори гарони пахтачинӣ бар дӯши занон аст (нигористон)​

- Вакили дифои Умаров аз болои ҳукми додгоҳ шикоят бурд. Вакили дифоъ Эдем Семедляев аз болои ҳукми ахири додгоҳи Симферопол зидди яке аз раҳбарони тоторҳои Қрим Илҳом Умаров ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд. (видео аз Директ)

- Эътирози ангиштканони Гукова дар Москва. Дар шаҳри Гуковаи Русия 370 миллион рубли маоши ангиштканонро то ҳол пардохт накардаанд. (видео аз Директ)

- Ҷашнвораи театрҳои хиёбонӣ чи гуна гузашт. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG