Ба иттилои ниҳоди мазкур, гуфтугӯҳои ду кишвар дар мавриди 15 дарсади марзи боқимонда аз 21 то 27 сентябр дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор гардид. Дар поёни гуфтугӯҳо протокол имзо шуд.
Шартномаи марзӣ ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Бишкек дар таърихи 5 сентябри соли ҷорӣ имзо шуда буд. Ба иттилои ҳукумати Қирғизистон, шартнома 85 дарсади марзи муштаракро фаро мегирад. Гуфта мешавад, 15 дарсади марзи боқимонда то охири соли ҷорӣ дақиқ хоҳад шуд.
Порлумони Қирғизистон шартномаи мазкурро 28 сентябр тасвиб кард. Интизор меравад, баъди тасдиқи порлумон, қонун аз сӯи президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев дар Тошканд имзо шавад. Расонаҳо менависанд, сафари Отамбоев ба Тошканд 5 октябр дар назар аст.
Ба далели муайян набудани марз миёни сокинони наздимарзии ду кишвар борҳо низоъ бархостааст.