Ссылки доступа

Дар Қазоқистон марги омӯзгорро дар "рӯи дор" таҳқиқ мекунанд


Марги омӯзгори мактаби миёнаро, ки дар деҳаи Мартоби наздикии Чимкенти Қазоқистон доркашида пайдо шуд, бо моддаи "Ба худкушӣ расонидан" таҳқиқ мекунанд. Дар ин бора сухангӯи мақомоти дохилии вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Салтанат Каракозова хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вай, хабари худкушӣ кардани омӯзгор ба мақомоти корҳои дохилӣ 26 сентябр расидааст.

Ба иттилои пулис, сокини 58-солаи Мартоб дар мактаб аз фани риёзӣ дарс мегуфт. "Аз рӯи ҳодиса таҳқиқ шуруъ шудааст. Ташхиси тиббиву судӣ таъйин гардид", - гуфт Каракозова. Пулис феълан сабабҳои эҳтимолии худкушии омӯзгорро эълон намекунад.

XS
SM
MD
LG