Ссылки доступа

Дар шаҳри Ӯш талаб карданд, дар мавриди суханронии Бабанов чораандешӣ шавад


Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дар мавриди суханронии номзад ба мақоми президентӣ Омурбек Бабанов нишасти матбуотии сокинони маҳаллӣ баргузор шуд.

Яке аз ширкаткунандагони нишасти хабарӣ - роҳбари маркази фарҳангии ӯзбекӣ Рашидхон Хоҷаёвонӣ суханронии Бабановро "иғво" номид, ширкатдорони дигар талаб карданд, ки мақомоти дахлдор чораандешӣ кунанд.

Бабанов 28 сентябр дар шаҳраки Амир-Темури шаҳри Ӯш суханронӣ кард. Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суханронии ӯро иғво ва барангезандаи бадбинии байниқавмӣ номиданд.

Сухангӯи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Ӯш Замир Сидиқов аз корбарони Интернет даъват кард, навори видеоиро паҳн накунанд.

Дар ситоди номзад ба мақоми президентӣ аз чунин бардошти суханронии Бабанов "тааҷҷуб" карданд. Намояндагони номзад гуфтаанд, ба мақомот шикоят хоҳанд бурд.

Омурбек Бабанов роҳбари ҷиноҳи порлумонии "Республика-Ота Журт" ва яке аз 12 номзад ба мақоми президентии Қирғизистон аст. Интихобот дар ин кишвар 15 октябр доир мешавад.

XS
SM
MD
LG