Ин иттилоъро рӯзноманигорони маҳаллии Сурия низ дар Твиттер тасдиқ карданд. Шаҳри ал-Қариятайн дар ақибгоҳи дури нирӯҳои ҳукумати Сурия, дар ҷанубу ғарби шаҳри Палмира ҷойгир аст.
Бино ба хабарҳо, дар ин шаҳр шохаи пинҳонии ДИ амал мекард. Ишғоли шаҳр бо ҳамлаи бузурги ҷиҳодиён ба мавзеи нирӯҳои ҳукуматӣ дар ҷануби шаҳри Дайр-уз-Зор ҳамзамон сурат гирифтааст.