Мақомоти ҳарбии вилояти Суғд низ охири ҳафтаи гузашта дар як ҷаласа масъалаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбиро баррасӣ карданд. Рустам Раҳматзода, муовини раиси вилояти Суғд дар ҷаласа гуфт, соли гузашта дар шимоли кишвар ҳудуди 400 нафар ҳамчун ҷавони носолим сабт шуда, аз хидмати ҳарбӣ озод карда шудаанд.
Ӯ бо ишора ба ин ки дар афзоиши сафи чунин беморон бархеи табибону мақомоти ҳарбии маҳаллӣ ҳам даст доранд, гуфт, "аз 361 нафаре, ки бемор бароварданд, гуфта нашудааст, ки чанд нафари онҳо солим мешаванд. Бигзор онҳо ба артиш нараванд, барои ҷомеа кор кунанд. Барои насли оянда ин падидаи бисёр хатарзо аст. Дар ин кор мусоидат накунед".
Сӯҳроб Салимзода, муовини додситони ҳарбии вилояти Суғд низ гуфт, аз ҳама ҷавонҳои бемор ва писарони танҳо дар шаҳрҳо, бахусус дар Хуҷанд сабт шудааст. Ӯ гуфт, дар гузашта ташхиси дубораи афроди ба ном бемор собит кард, ки онҳо дар асл солиманд ва барои гурез аз хидмат худро “носолим” сабти ном кардаанд.
Вале дар баробари ин, мақомот аз ҷалби бархе аз ҷавонони бемор ба сафи артиш ҳам нигаронӣ карданд. Як мақоми Додситонии ҳарбии Суғд гуфт, ки дар даъвати баҳории имсол ба артиш беш аз 50 ҷавони беморро ба хидмати ҳарбӣ фиристоданӣ буданд, вале онҳо баъди ташхиси дубора ба хонаҳояшон баргаштанд.