Ссылки доступа

Карлес Пучдемон: Каталония ҳаққи мустақил шуданро соҳиб гашт


Карлес Пучдемон, раиси ҳукумат ва узви Ҳизби аврупоии демократии Каталония шаби якшанбе гуфт, "ин минтақа ҳаққи давлати мустақил шуданро ба даст овард". Дар ин бора хабаргузории Associated Press иттилоъ дод.

Натиҷаҳои раъйпурсии истиқлолхоҳии Каталония аз Испания рӯзҳои наздик эълом мешаванд. Хадамоти вокуниши сареи Каталония гуфт, дар натиҷаи задухӯрд бо пулис 760 нафар захмӣ шуданд.

Ба иттилои манобеи дигар, шумори осебдидаҳо ба беш аз 400 нафар мерасад. Пулиси Испания барои монеъ шудан ба баргузории раъйпурсии Каталония аз нирӯ, чӯбдаст ва гулӯлаҳои резинӣ истифода кард. Дар баъзе нуқтаҳои овоздиҳӣ варақа ва сандуқҳои раъй мусодира шуданд.

Пештар ҳукумати Испания эълом кард, ки ба баргузории ин раъйпурсӣ иҷозат нахоҳад дод. Он бо қарори додгоҳи конститутсионии Испания ғайриқонунӣ эълом шуд. Овоздиҳӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ ба поён расид, вале намояндагони ҳукумати Каталония гуфтанд, ҳар касе ин соат барои раъйдиҳӣ дар навбат аст, ба назди сандуқҳо роҳ дода хоҳад шуд.

Ба иттилои вазири умури дохилии Испания, дар натиҷаи задухӯрд бо сокинони Каталония 12 корманди пулис захмӣ шудаанд. Вазир гуфт, онҳо тавонистанд, 92 нуқтаи овоздиҳиро банданд. Пештар хабар доданд, ки пулис аз 2 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ дари беш аз 300-тоашро бастааст.

XS
SM
MD
LG