Ссылки доступа

Вакили дифоъро назди рӯзноманигори боздоштшудаи ӯзбек Бобомурод Абдуллоев роҳ надоданд


Рӯзноманигори ӯзбек Бобомурод Абдуллоев дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти миллии ин кишвар нигаҳдорӣ ва бозпурсӣ мешавад. Вале то кунун айби рӯзноманигор эълон нашудааст.

Як рӯз пеш дар манзили Абдуллоев кофтукоб сурат гиирфта, мақомот хотираи компютер, чанд адад дискҳои CD ва DVD, ҳамчунин китоби "Ҳаёти пайғамбар Муҳаммад"-ро бо худ бурданд.

Интизор меравад, ҷаласаи нахустини додгоҳии парвандаи Абдуллоев дар додгоҳи ноҳияи Юнусободи Тошканд баргузор гардад. Вакили дифои вай Муноҷон Парпиевро назди зерҳимояаш роҳ надоданд.

Дар ибтидо рӯзноманигор дар парвандаи дуздӣ ҳамчун гумонбар пурсида мешуд. Вале баъдтар хабар расид, ки муфаттишони мақомоти махсус парвандаи рӯзноманигорро тафтиш мекунанд.

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигор ва шореҳи 44-солаи ӯзбек рӯзи чаҳоршанбеи гузашта нопадид шуд. Бо гузашти ду рӯз хешовандонаш аз боздошти вай хабар ёфтанд. Абдуллоев чанд соли охир бо созмонҳои IWPR ва "Интернюс" ҳамкорӣ дошт. Чанд гоҳи охир вай футболи Ӯзбекистонро танқид мекард.

XS
SM
MD
LG