Ссылки доступа

Гузаргоҳи нави марзӣ миёни Қирғизистону Ӯзбекистон боз мешавад


Дар ноҳияи Ноокени вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ният доранд, гузаргоҳи марзии "Маданият"-ро дар марз бо Ӯзбекистон кушоянд.

Расонаҳо менависанд, аз ҳар ду сӯи марз 300-нафарӣ мунтазири кушодашавии гузаргоҳ ҳастанд. Интизор меравад, дар маросими кушодашавӣ мақомоти маҳаллии ду ҷониб ширкат варзанд.

Ин гузаргоҳ соли 2004 таъсис шуда буд, аммо соли 2016 ҷониби Ӯзбекистон яктарафа онро баст.

Ёдрас мешавем, моҳи сентябри соли ҷорӣ равуои марзӣ дар гузаргоҳҳои "Баймак-мошингард" дар ноҳияи Ала-Букини вилояти Ҷалолобод ва "Достук"-и ноҳияи Кара-Сууйи вилояти Ӯши Қирғизистон содда гардонида шуд.

XS
SM
MD
LG