Ссылки доступа

 "Фишори косахонаи сар"-и кӯдакон аз чист? (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- "Фишори косахонаи сар"-и кӯдакон аз чист? Ҳар чаҳорум кӯдаки то 7-сола дар Тоҷикистон гирифтори бемории “фишори косахонаи мағзи сар” будаанд. Асабшиносон мегӯянд, стресс ё фишори равонӣ, вазъи нохуби зиндагии занони ҳомила ва таваллуди мушкили онҳо ҳангоми зоймон, аз омилҳои аслии ин беморӣ аст (видео аз Директ)

- Навбати об -- дар кӯҳистон! Навбат истодан барои об дар кӯҳистони Тоҷикистон ҳодисаи нодир аст. Аммо ҳоло 24 аз 50 хонаводаи деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин маҷбуранд соатҳову рӯзҳои худро барои дастрас кардани об сипарӣ кунанд (видео аз Директ)

- Назари мардум: Ситораҳо ҳақиқати ҳоли моро мегӯянд? Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе пурсид, ки ба толеънома бовар доранд, ё на. (видео)

- Арӯс бошад, духтур бошад. Коллеҷи тиббии шаҳри Душанберо омӯзгорону муҳассилин нимшӯхиву нимҷиддӣ даргоҳи бахткушо ном мебаранд. Ба ин даргоҳ ҳар рӯз то 5 хостгор ё заноне меоянд, ки барои писарони худ арӯси таҳсилдида ва пизишк мекобанд (видео)

- "Агар пул медоштам, писарамро хонадор мекардам, на инки мошин мехаридам". Пурсиш аз роҳгузарон: ҳамин ҳоло ба чӣ қадар пул омода ҳастед, ки мошин бихаранд. Бархе аз сокинон аз 1 то 20 ҳазор сомониро ба забон оварданд. Аммо дар ин қатор онҳое низ буданд, ки гуфтанд, ин шабурӯз аслан дар фикри мошинхарӣ нестанд (видео)

- Аз хурд то бузург – дар саҳрои пахта. Даҳҳо сокини вилояти Хатлон, бахусус кормандони идораҳои давлатӣ, рӯзи 30 сентябр барои пахтачинӣ ба заминҳои пунбадона рафтанд. Дар миёни онҳо Давлатшоҳ Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон низ буд. (нигористон)

- Дар Каталония раъйпурсии истиқлолхоҳӣ аз Испания баргузор шуд. (нигористон)

- Видеоблогерҳои Куриёи Ҷанубӣ зинда мондан дар пайи ҳамлаи Ким Чен Инро меомӯзанд​. (видеои Настоящее время)

- Бейшебой: ман маъюб нестам. Ҳар ду дастони Бейшебой модарзодӣ нуқс доранд. Вале ӯ инро танҳо як имтиҳон медонад. Барномарезиро меомӯзад ва орзу дорад, дар саҳнаи бузург бисарояд. (видео)​

- Алишер Усмонов бо ҳамсари президенти Ӯзбекистон Зироатхон Ҳошимова рақсид. (видео аз Қирғизистон)​

- Фурӯшгоҳ барои одамони махсус. (видеои Настоящее время)​

- «Маро бараҳна ва бо барқ шиканҷа карданд». Намояндаи ҳамҷинсгароҳо дар бораи зиндагии худ дар Озарбойҷон. (видеои Настоящее время)

- "Ҳукумати Озарбойҷон забони таҳримҳоро мефаҳмад". Барандаи Ҷоизаи алтернативии Нобел Хадича Исмоилова дар бораи фасодкории элитаи ҳукмрон. (видеои Настоящее время)​

- Дар Киев шаби ҷонибдорӣ аз Илм Умарови маҳкумшуда дар Қрим баргузор шуд​. (видео аз Директ)

- Дар Қрим Рӯзи ҷаҳонии туризмро ҷашн гирифтанд. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG