Ссылки доступа

Ҷонибдории 90%-и раъйдиҳандагон аз истиқлоли Каталония


Истиқлоли Каталонияро аз Испания 90%-и раъйдиҳандагон ҷонибдорӣ кардаанд. Дар ин бора намояндаи расмии ҳукумати Каталония Жорди Турулл рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои хабаргузории Reuters, Турулл гуфт, дар раъйпурсии истиқлоли Каталония 2,3 миллион одам иштирок карданд. Ду миллиони онҳо ҷудо шудани минтақаи худро аз Испания ҷонибдорӣ карда, танҳо 176 ҳазор одам зид баромадаанд.

Раиси ҳукумати Каталония Карлес Пучдемон пештар гуфт, ки сокинони ин минтақа ҳаққи доштани як давлати мустақилро ба даст оварданд. Ӯ раъйпурсиро қонунӣ шумурда, ваъда дод, ки рӯзҳои наздик натиҷааш ба порлумон пешниҳод хоҳад шуд.

Сарвазири Испания Мариано Рахой гуфт, ягон раъйпурсӣ баргузор нашудааст ва он танҳо як "саҳнасозӣ" буд. Ӯ дар бетартибиҳои оммавӣ ва хушунаткориҳо дар Каталония раҳбари ҳукумати онро масъул донист. Бино ба хабарҳо, дар задухӯрд бо кормандони пулис 844 одам маҷруҳ шудаанд. Вазорати умури дохилии Испания мегӯяд, 12 кормандаш ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Каталония аз Иттиҳоди Аврупо даъват карданд, ки ба қазия дахолат кунад.

Раъйпурсии истиқлолхоҳии Каталония 1 октябр баргузор шуд. Додгоҳи конститутсионии Испания онро ғайриқонунӣ эълом кард. Пештар хабар доданд, ки пулис аз ду ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ дари беш аз 300-тоашро баст.

XS
SM
MD
LG