Ссылки доступа

Нависандаи дигарандеши ӯзбек Нуруллоҳ Отахонов озод шуд


Нуруллоҳ Отахонов, нависандаи дигарандеши 63-солаи ӯзбек, ки 27 сентябр, баъди бозгашт ба ватан дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд боздошт гашт, аз маҳбас озод шуд. Ба гуфтаи писари нависанда Файзуллоҳ, сардори пулиси ноҳияи Яшнободи Тошканд Отахоновро бо мошини хидматии худ субҳи 1 октябр аз маҳбас ба хонаашон овардааст.

Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, хабари раҳоии нависандаро масъулони Раёсати умури дохилии пойтахти Ӯзбекистон низ тасдиқ кардаанд. Дар бораи парвандаи Отахонов, ки бо ҷурми нақзи сохтори конститутсионии Ӯзбекистон боз шуда буд, чизе гуфта намешавад.

Ин нависандаи 63-солаи ӯзбек, ки бо тахаллуси Нуруллоҳ Муҳаммад Рауфхон маъруф аст, ду соли ахир дар табъиди ихтиёрӣ дар Туркия зиндагӣ мекард. Писараш Файзуллоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки "дар ҳоли ҳозир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи парвандаи падараш чизе намегӯянд ва маълум нест, ки тақдири он чи мешавад".

Ёдрас мешавем, Отахонов нахустин дигарандеши ӯзбек аст, ки баъди даъвати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ватан баргашт. Мирзиёев дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Ню-Йорк аз тамоми ҳамватанони худ дар хориҷ даъват кард, ки ба ватан баргарданд.

Муовини сардори РКД Тошканд ва раҳбари шуъбаи тафтишотӣ Дониёр Тошхоҷаев ба хабарнигорон гуфта буд, зидди Отахонов 11 майи имсол бо айби "нақзи сохти конститутсионии Ӯзбекистон" парванда боз кардаанд. Ба боз шудани он китоби "Ин рӯзҳо"-и нависанда сабаб гашт, ки мақомот мегӯянд, дар он ақидаҳои тундгароӣ таблиғ шудааст.

XS
SM
MD
LG