"Ба Рекс, котиби муҳтарами давлатиамон гуфтам, ки кӯшиши гуфтугӯ кардани ӯ бо мушакчиҳои хурд сарфи беҳудаи вақт аст. Нирӯи худро эҳтиёт кун, Рекс. Мо кореро мекунем, ки бояд пештар мекарданд", - навишт Трамп дар Твиттер.
Президенти ИМА баъди каме бештар аз чаҳор соат боз навишт, ки "хубӣ кардан бо мушакчиҳо 25 сол аст, кор намедиҳад ва барои чӣ имрӯз бояд кор диҳад? Клинтон, Буш, Обама натавонистанд, вале ман метавонам".
Доналд Трамп раҳбари Куриёи Шимолиро бори нахуст "мушакчӣ" ҳангоми суханронияш дар Маҷмаи умумии СММ номида буд. Ӯ ҳамчунин таҳдид карда буд, ки Куриёи Шимолиро пурра маҳв мекунад.
Ким Чен Ин дар посух ба таҳдидҳои Трамп гуфт, "ба ин пирмарди ақлхӯрдаи амрикоӣ ҳатман бо оташ дарси ибрат хоҳам дод".