Ссылки доступа

Федератсияи вазнбардории Қазоқистон барканор шудани варзишкоронашро шарҳ дод


Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналхалқии вазнбардорӣ (IWF) дар мулоқоти шаҳри Бухарест қарор дар бораи барканории яксолаи нуҳ федератсия аз мусобиқаҳо, аз ҷумлаи Федератсияи вазнбардории Қазоқистонро ҷонибдорӣ кард.

Дар бораи барканории федератсияҳои миллии кишварҳое, ки аз се бор зиёд меъёрҳои зиддидопингиро вайрон кардаанд, моҳи июни соли 2016 эълон шуда буд. Қарори қатъӣ дар ин бобат дар ҷаласаи ғайринавбатии кумитаи иҷроияи IWF дар пойтахти Руминия 30 сентябр - 1 октябр қабул шуд.

Ба иттилои IWF, қарори мазкур нисбати федератсияҳои миллии Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Чин, Молдова, Русия, Туркия ва Украина низ амалӣ мешавад. Интизор меравад, тими ин кишварҳо дар мусобиқаи ҷаҳонии вазнбардорӣ, ки аз 28 ноябр то 5 декабр дар шаҳри Анахайми Амрико дар назар аст, роҳ дода нашаванд.

Федератсияи вазнбардории Қазоқистон дар шарҳи ин қарор гуфт, тимаш 12 моҳ аз мусобиқаҳо маҳрум мешавад.

"Федератсияи Қазоқистон дар ҳамаи марҳилаҳои баррасии ин масъала гуфт, ки бо чанд сабаб набояд шомили таҳримҳо шавад. Тамоми ҳайати тим иваз шуда, сиёсати зиддидопингӣ сахттар гардид", - омадааст дар шарҳи Федератсияи вазнбардории Қазоқистон.

XS
SM
MD
LG