Ссылки доступа

Отамбоев қонун дар бораи марзи Қирғизистону Ӯзбекистонро имзо кард


Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев қонунеро имзо кард, ки 85 дарсади марзи давлатии ин кишвар бо Ӯзбекистонро муайян мекунад. Бар пояи қонун, ки 2 октябр ба имзо расид, беш аз 1 ҳазору 170 километр марзи муштараки Қирғизистону Ӯзбекистон пурра муайян шуданд.

Масъалаи марз барои ин ду кишвари Осиёи Марказӣ аз замони истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 яке аз мушкилиҳои асосӣ шумурда мешуд. Номуайянии марз борҳо ба низоу хушунат ва задухӯрдҳои мусаллаҳона сабаб гаштааст.

Вазъ баъди марги президенти Ӯзбекистон Ислом Кримов дар соли гузашта беҳтар шуд. Президенти нави Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пештар эълом кард, ки беҳбуди равобит бо кишварҳои ҳамсоя яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвараш хоҳад буд.

Қарордоди марзии мазкур ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Бишкек дар таърихи 5 сентябри соли ҷорӣ имзо шуда, порлумони Қирғизистон онро 28 сентябр тасвиб кард.

XS
SM
MD
LG