Ссылки доступа

Муроҷиати Трамп ба мардуми ИМА дар робита ба ҳодисаи Лас-Вегас


Президент Доналд Трамп рӯзи душанбе дар муроҷиати худ ба мардуми ИМА роҷеъ ба ҳодиса Лас-Вегас -- хунинтарин ҳодисаи тирандозӣ дар таърихи Амрико хост, парчамҳои кишвараш ба эҳтироми қурбониён ба ҳолати нимаафрошта дароварда шаванд.

Дар Лас-Вегас рӯзи душанбе марди 63-сола Стивен Пэддок ба сӯи иштирокдорони ҷашнвораи мусиқӣ аз автомат оташ кушод, ки дар натиҷа 50 одам кушта ва беш аз 400 тани дигар бо захмҳои гуногун бистарӣ шуданд.

Бино ба иттилои "Садои Амрико", Доналд Трамп ҳодисаро "амали бадбинона" номидааст. Ӯ ба амалкарди кормандони пулис баҳои баланд дода, вокуниши сареи онҳоро фавқуттабиӣ хонд.

Президенти ИМА пештар, рӯзи душанбе дар Твиттер ба наздикону пайвандони қурбониён ҳамдардӣ баён карда буд.

XS
SM
MD
LG