Ссылки доступа

Ҳафиз Бобоёров барои ҳамеша Тоҷикистонро тарк кард


Ҳафиз Бобоёров, донишманди тоҷик ва раиси пешини Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон барои ҳамеша кишварро тарк кардааст.

Бобоёров дар як суҳбати катбӣ дар хориҷи кишвар буданашро тасдиқ кард, вале сабаби ин тасмими худро шарҳ надод.

Танҳо дар "Фейсбук" ишора кард, ки 7 сол пеш дар Олмон рисолаи докторӣ ҳимоя карда буд ва имкон дошт, ки дар он ҷо бимонад, вале барои хидмат ба ватан, зиндагӣ дар ин кишварро ихтиёр накард. Ҳоло мегӯяд, "ин дафъа дар мақом ва шароити тамоман дигар” дубора ба Олмон баргаштааст.

Ҳафиз Бобоёров аз зумраи камтарин донишмандони тоҷик аст, ки изҳори назарҳояш ба ҳукумат ва мухолифон писанд намеояд. Моҳи апрели соли 2015 ӯ ва ҳамкори дигараш Шодибой Атоев дар як матлаби таҳлилие аз идеяи додани унвони “Пешвои миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон интиқод карданд.

Пас аз чунин мавқегирӣ, моҳи майи ҳамон сол Ҳафиз Бобоёров аз вазифаи раиси Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон рафт.

XS
SM
MD
LG