Ссылки доступа

"Таблиғи Русия"-ро дар Фейсбук 10 миллион сокини ИМА тамошо кардааст


Наздики 10 миллион корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар ИМА огаҳиҳои сиёсиеро тамошо кардаанд, ки эҳтимолан онҳоро Русия сармоягузорӣ кардааст. Дар ҳамин ҳол, 44 дарсади ин огаҳиҳо то интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябри соли 2016 ва 56 дарсади дигар баъд аз раъйдиҳӣ дида шудаанд.

Аксари таблиғот ба мавзуъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла ҳамҷинсгароӣ, масоили нажодӣ, ҳуқуқ ба силоҳ, муҳоҷират дахл доранд. Бархеи ин огаҳиҳо бо рубли русӣ пардохт шудаанд.

Дирӯз ширкати Facebook мебоист ба Конгресси ИМА иттилоъ дар бораи беш аз 300 таблиғро месупорид, ки дар даврони интихоботи президентии соли 2016 нашр шудаанд. Роҳбарияти шабакаи иҷтимоӣ ин таблиғҳоро ба Русия рабт медиҳад.

Facebook мегӯяд, харидорон барои ин таблиғҳо дар маҷмуъ 100 ҳазор доллар пардохт кардаанд.

Молики Facebook Марк Сукерберг эълон кард, ки сиёсати шабака дар мавриди таблиғоти сиёсӣ тағйир хоҳад ёфт. Вай бо нашри видеое шарҳ дод, ки шабакаи иҷтимоӣ ба таблиғоти сиёсии Русия чи гуна посух медиҳад.

XS
SM
MD
LG