Ссылки доступа

Мақомоти қирғиз мегӯянд, дар интихобот аз ҷинояткорон истифода намекунанд


Муовини сарвазири Қирғизистон Темир Ҷумақодиров иддао дар бораи онро ки гӯиё мақомоти ин кишвар аз хизмати ҷинояткорон дар интихобот сӯистифода мекунанд, рад кард. Ӯ гуфт, "ҳодисаҳои ахири кишвараш нишон доданд, ки дар интихобот кӣ аз ҷинояткорон истифода мебарад".

"Мардум фаҳмид, ки дар сиёсат кӣ аз доираҳои ҷиноӣ истифода мекунад ва ҷомеаи мо ҳам ба он баҳои худро хоҳад дод. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳоло тафтишот идома дорад. Умед дорем, додгоҳ ҳам баҳои дуруст дода, ҳукми муносиб содир хоҳад кард", - афзуд Ҷумақодиров.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Қирғизистон, дар муқоиса бо солҳои то 2010 ҳоло кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил натиҷаҳои беҳтар медиҳад.

"Феълан дар ин бахш мушкили ҷиддие нест. Мутаассифона баъзе сиёсатмадорони мо кӯшиш доранд, ба сиёсат гуруҳҳои ҷиноиро ҷалб кунанд ва маълум ҳам шуд, ки онҳоро барои кадом ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Сарфи назар аз ин, мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ҳоло дар сатҳи мансабдорон идома дорад", - изҳор дошт ӯ.

Ёдрас мешавем, Кумитаи амнияти Қирғизистон 30 сентябр вакили порлумон Канатбек Исоев ва аъзои як гуруҳи ҷиноиро дар доираи парвандаи бознамудаи Додситонии кулли ин кишвар боздошт кард. Ин парванда бо бандҳои "Омодагӣ ба ҷиноят", "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ" ва "Кӯшиши ғасби ҳукумат аз роҳи зурӣ" боз шудааст.

Канатбек Исоев худи ҳамон рӯз ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти ин кишвар интиқол ёфта, бо қарори додгоҳ то поёни тафтишот ба ҳабс гирифта шуд.

XS
SM
MD
LG