Ҷузъиёти мулоқоти ду президент ҳанӯз расонаӣ нашудааст. Хадамоти матбуотии Кремл навишт, ки дар рафти мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст. Расонаҳои Туркманистон низ бо хабарҳои қолабӣ аз мулоқоти ду президент иттилоъ доданд.
Муносибатҳои дуҷонибаи Ишқободу Москваро намешавад мусбат номид, ба вижа баъди он ки ибтидои соли 2016 Русия харидории гази туркманиро қатъ кард.
Расонаҳо навиштанд, ки Бердимуҳаммадов ибтидои соли равон талош кард, то Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркияро ба хариди гази туркманӣ моил гардонад.