Ссылки доступа

ИМА "шикастан"-и консулгарии Русияро дар Сан-Франсиско рад кард


Иёлоти Муттаҳида айбҳои "ғайриқонуни ворид шудан" ба ҳудуди консулгарии Русия дар Сан-Франсискоро рад кард.

Намояндаи департаменти давлатӣ Хизер Нойерт гуфт, ташхиси намояндагии дипломатӣ қонунӣ сурат гирифтааст. Мақомоти ИМА ба русҳо то 1 октябр фурсати иловагӣ дода буданд, то ин ки биноро холӣ кунанд, гуфт Нойерт.

Ахиран вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба рафтори мақомоти ИМА эътироз баён карда, онро "ғасб"-и консулгарии Русия дар Сан-Франсиско номид. Ҷониби Русия мегӯяд, дарҳои биноро шикастаанд.

Охири моҳи июли соли ҷорӣ Кремл дар посух ба густариши таҳримҳои зидди Москва, аз ИМА хост, ки шумори кормандони сафорат ва консулгариашро дар Русия кам кунад. Вашингтон эълон кард, ки фаъолияти консулгарии Русияро дар Сан-Франсиско ва намояндагиҳои ин кишварро дар Вашингтону Ню-Йорк қатъ мекунад.

XS
SM
MD
LG