Ссылки доступа

Комисияи махсус суқути Ан-28-ро дар наздикии Алмато таҳқиқ мекунад


Кумитаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон аз таъсиси комисияи махсус барои таҳқиқи суқути ҳавопаймо дар вилояти Алмато хабар дод.

Ҳавопаймои суқуткарда дар самти Алмато-Чимкент барои муолиҷаи беморе парвоз мекард. Дар дохили он панҷ нафар: халабони ҳавопаймо, халабони дувум, техники ҳавопаймо ва ду духтур ҳузур доштанд.

Ҳавопаймо аз Алмато соати 18:35 дақиқа парвоз кард ва соати 18:47 дақиқа нопадид шуд. Баъдтар мақомот аз пайдо шудани ҳавопаймое дар ҳолати оташсӯзӣ хабар доданд.

Ба иттилои ҳукумати вилояти Алмато, ҳавопаймо дар ҳудуди хоҷагии кишоварзӣ суқут кардааст. "Ҳангоми суқут ҳавопаймо ба хати барқ бархурдааст. Ба ҷуз ин ҳеч иншооти дигар зарар надидааст", - хабар медиҳад ҳокимияти вилояти Алмато.

XS
SM
MD
LG