Ссылки доступа

Эрдуғон дар Теҳрон раъйпурсии Курдистони Ироқро баррасӣ мекунад


Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия 4 октябр бо сафари расмӣ вориди Эрон шуд. Ин сафар бо даъвати президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ сурат гирифтааст.

Эрдуғону ҳамсафаронаш бо президент ва сарвазири Эрон мулоқот ва чанд шартномаи ҳамкорӣ имзо хоҳанд кард. Интизор меравад, Эрдуғон бо роҳбарияти Эрон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ, инчунин масоили муҳими байналхалқӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Ироқу Сурияро баҳс кунад.

Эрдуғон пеш аз сафараш гуфт, ки дар Теҳрон раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистони Ироқро ба баррасӣ мегирад.

"Дар Эрон мо масъалаи шимоли Ироқро баррасӣ хоҳем кард, баъди ин харитаи роҳ барои мо рушан хоҳад шуд", - гуфт Эрдуғон. Ҳар ду ҷониб бар ин назаранд, ки баъди раъйпурсӣ гуруҳҳои тундгарои курдӣ дар Ироқу Сурия фаъол хоҳанд шуд. Ба ин далел, Теҳрону Анқара аз ҳамин ҳоло бояд шеваи пешгирӣ аз фаъолияти чунин гуруҳҳоро биандешанд.

Туркия, Эрон ва Ироқ мақомоти Курдистонро даъват карданд, ки раъйпурсии истиқлолхоҳиро баргузор накунанд. Сарфи назар аз ин, 25 сентябр дар Курдистон раъйпурсӣ баргузор шуд. Комисияи раъйпурсӣ хабар дод, ки назарпурсӣ баргузоршуда эътироф гардид.

XS
SM
MD
LG