Ба гуфтаи раиси Бонки ҷаҳонӣ Ёнг Ким, имзои се санади сармоягузории лоиҳаҳо ба маблағи умумии 450 миллион доллари ИМА ба Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки сармоягузории бахши энержӣ, обрасонӣ ва густариши бахши чорвопарвариро таъмин намояд. Дар ин бора дар номаи Ёнг Ким ба унвонии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зикр шудааст.
"Ман дархостҳои шуморо барои кумаки моливу техникӣ ба баррасӣ гирифта, ба ҳамкоронам дастур додам, ки таҳияи онҳоро тезонанд. Бо назардошти эҳтиёҷи Ӯзбекистон ба рушд, мо омодаем, сармоягузориро тезонем", - навиштааст раиси Бонки ҷаҳонӣ.
Дар ояндаи наздик мудири иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Кристалин Георгиева ва ноиб-президенти минтақавӣ Сирил Мюллер ба Ӯзбекистон сафар хоҳанд кард. Расонаҳо менависанд, онҳо бояд бо Мирзиёев мулоқот кунанд.