Ссылки доступа

Эрону Туркия баъди раъйпурсии Курдистон "чораандешӣ" мекунанд


Президентҳои Эрону Туркия гуфтанд, ки баъди баргузории раъйпурсии истиқлолхоҳии Курдистони Ироқ барои тағйир наёфтани марзҳои минтақа чораандешӣ мекунанд.

"Туркияву Эрону Ироқ ба ҷуз аз тасмимгириҳои ҷиддӣ барои ҳифзи манофеи стратегиашон дар минтақа чораи дигаре надоранд", - гуфт президенти Эрон Ҳасани Руҳонӣ дар нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 4 октябр дар шаҳри Теҳрон.

Мақомоти интихоботии Курдистони Ироқ хабар доданд, ки ширкати сокинон дар раъйпурсии 25 сентябр 72 дарсадро ташкил дод, ки аз ин шумор 92,7 дарсади раъйдиҳандагон ба ҷонибдорӣ аз истиқлол овоз додаанд. Ҳукумати Ироқ, ИМА, кишварҳои Ғарб ва СММ ин раъйдиҳиро эътироф накарданд. Туркияву Эрон низ, ки дар ин кишварҳо ақалиятҳои курд ба сар мебаранд, раъйпурсии мазкурро эътироф надоранд. Аммо роҳбарони курд гуфтанд, натиҷаҳои раъйпурсии охирро барои шуруи гуфтугӯҳо бо ҳадафи ташкили давлати алоҳида истифода хоҳанд бурд.

Эрдуғон раъйпурсиро "ғайриқонунӣ" номид ва гуфт, ки "аз ҳамин лаҳза чораҳои қатъӣ қабул хоҳад кард". Бағдод аз ҳукумати Курдистон хост, ки натиҷаҳои раъйпурсиро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG