Ссылки доступа

Табрикоти видеоии Озода Раҳмон бахшида ба зодрӯзи падараш (видео)


Озода Раҳмон – раиси дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва духтари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон – бори аввал дар як навори видеоӣ ва ба таври боз падарашро ба ҷашни зодрӯз табрик гуфт. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми октябр ба синни 65 расид.

Масъулони хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ин рӯз раҳбарони чанд кишвар бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ карда, ҷашни зодрӯзро барояш табрик гуфтанд.

Озода Раҳмон дар ин навор аз падараш нафари оқилу одил, устоду мураббӣ ва роҳбалад ном бурда, гуфтааст, ҷашни зодрӯзи ӯ баҳонае барои гирд омадани аъзои хонавода аст. Ӯ гуфтааст, "зиндагии пур аз нишоту пур аз саодати Шумо ва модари меҳрубонамон, давлатсозиву давлатдории Шумо барои мо мояи ифтихор ва дарси ибрат аст.”

Эмомалӣ Раҳмонро, ки бештар аз ду даҳсола аст, Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад, барои таъйини фарзандон ва наздиконаш ба мақомҳои баланд танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG