Шавкат Мирзиеёв гуфт, дар доираи форуми тиҷории Қирғизистону Ӯзбекистон дар маҷмуъ, дар ҳаҷми 200 миллион доллар қарордод имзо шуд. "Ва ин оғози кор аст, фикр мекунам", - гуфт Мирзиёев.
Вай ҳамчунин афзуд, президентҳои ду кишвар дастур додаанд, ки бар иловаи 12 ҳуҷҷати имзошуда, шаш ҳуҷҷати дигар таҳия шавад, то ин ки ҳамаи суолҳо ҳал гарданд. "Президентҳо ба ҳайси вакили ду ҳайат, вакили мардум ҳастанд, ман аъзои ҳайатҳоро мефаҳмам, одат кардаанд, ки барои ба бор овардани натиҷа муштаракан фаъолият кунанд. Аммо президентҳо дастур доданд, ки ҳамаи масоили нофаҳмо бартараф шаванд", -афзуд Шавкат Мирзиёев.
Алмосбек Отамбоев дар навбати худ афзуд, "президенти ояндаи Қирғизистон хати кунуниро идома медиҳад" ва то охири муҳлати президентии вай ҳамаи масоили мавҷудаи байни ду кишвар ҳал ва созишномаҳои дахлдор имзо хоҳанд шуд.
Сафари давлатии президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон аз 5 то 6 октябр идома мекунад. Дар доираи ин сафар 12 созишномаву эъломия дар бораи шарикии стратегӣ, густариши эътимод, ҳусни ҳамсоядорӣ ва дӯстии халқҳои қирғизу ӯзбек имзо шуд.