Ссылки доступа

Эътирози ҷиддии Остона ба суханҳои президенти Қирғизистон


Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар робита ба интиқодҳои президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев "эътирози ҷиддӣ" баён кард.

Отамбоев 7 октябр дар шарҳи маъракаҳои интихоботии Қирғизистон аз суханҳои Назарбоев дар мулоқот бо номзад ба мақоми президентии ин кишвар Омурбек Бабанов интиқод кард.

ВКХ Қазоқистон суханҳои интиқодии Отамбоевро "бемасъулиятона ва тавтиабарангез бо ҳадафҳои пешазинтихоботӣ" номида, гуфт, дар муносибатҳои миёни ду кишвари дӯст ин гуна ҳарфҳо "ғайриқобили қабуланд".

Дар иттилоияи Остона, ки шоми дирӯз нашр шуд қайд шудааст, "ҷониби Қазоқистон ҳамоно ҷонибдори рушди равобити суннатӣ ва бародарона бо мардуми қирғиз аст".

XS
SM
MD
LG