Ссылки доступа

Боздошти 290 ҷонибдори Алексей Навалний дар Русия


Дар тазоҳуроти ба ҷонибдорӣ аз мухолифи рус Алексей Навалний, ки рӯзи шанбе дар 26 шаҳри Русия баргузор шуд, 290 касро боздошт карданд. Иштирокдорони гирдиҳамоӣ интихоботи озод ва манъи сензураро дар Русия талаб доштанд.

Дар шаҳри Москва, шаби шанбе ба якшанбе баъди он ки пулис таҷаммуеро дар Манежний пароканда кард, даҳҳо фаъоли маданӣ ба самти минтақаи "Чистие пруди" ҳаракат карданд, то тазоҳуротро идома диҳанд. Дар натиҷа дар наздикии шуъбаи пулис 18 нафар бо шумули рӯзноманигорон, аз ҷумла кормандони Радиои Озодӣ Андрей Киселев ва Беата Бубенетс боздошт шуданд. Онҳо як соат дар шуъбаи пулис нигаҳдорӣ шуда, бо Бубенетс суҳбате анҷом додаанд.

Алексей Навалний, ки дар ҳабс аст, дар суҳбат бо хабарнигори "Дожд" ин амали пулиси Москваро "бозии Кремл" номида, аз шарҳи бештар худдорӣ кард. Навалний гуфт, аз баргузории тазоҳурот қаноатманд аст.

Дар шаҳри Санкт-Петербург низ баъзе аз тазоҳургаронро боздошт карданд.

Задержания на акции в поддержку Навального в Петербурге
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:05:18 0:00

XS
SM
MD
LG