Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аз 27 сентябр туркманистониҳое, ки дар хориҷанд, аз кортҳои бонкии байналмилалии худ дар як рӯз метавонанд танҳо $100 ё муодили онро бо пули миллӣ бигиранд. Ибтидои соли равон ҳаҷми маҳдудият $250 буд.
Ин хабарро бештари туркманистониҳое, ки дар хориҷ, аз ҷумла шаҳрҳои Истамбул, Москва ва Лондон ҳастанд, тасдиқ мекунанд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Ишқобод аз тамоми мусофирони туркман забонхат гирифтанд, ки аз бонкоматҳои кишварҳои хориҷ дар як рӯз бо асъори хориҷӣ аз $100 зиёд маблағ намегиранд. Дар сурати ғайр ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.
Табодули нақдинаи асъори хориҷӣ дар Туркманистон ибтидои соли 2016 манъ шуд. Бо назардошти он ки Бонки миллии ин кишвар табодули асъори хориҷиро қатъ кард, сокинони он, аз ҷумла донишҷӯёни туркман дар хориҷ танҳо ба воситаи кортҳои бонкии худ метавонанд пули миллияшонро ба асъори хориҷӣ иваз кунанд.
Расман манъ шудани табодули асъор дар Туркманистон, инчунин маҳдуд гардидани дарёфти пули нақд дар бонкҳои ин кишвар, боис шуд, ки шаҳрвандон Туркманистон барои нақд кардани пулҳои бонкиашон роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ кунанд.
"Вақтҳои охир шумори зиёди шаҳрвандони Туркманистон ба Истамбул омада, пулҳояшонро нақд мекунанд. Шахсоне, ки бевосита ба хориҷ баромада наметавонанд, аз дигарон хоҳиш мекунанд, то маблағи дар кортбударо нақд карда биоранд. ", - гуфт ҳамсуҳбати мо.