Ссылки доступа

ҲХДТ аз баҳри узви "фасодкор"-аш гузашт


Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Аскар Нурализода, як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисодро, ки бо ҷурми гирифтани 500 ҳазор доллар пора боздошт шуд, аз узвияташ хориҷ кардааст. Масъулини ҳизби ҳоким мегӯянд, вакилии Нурализода низ дар Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ соқит шуда, рӯзҳои наздик ҲХДТ ба ҷойи ӯ номзади навро пешниҳод мекунад.

Як масъули ҲХДТ дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳизб Нурализодаро баъди боздошт аз узвияти худ хориҷ кард. Масъули ҲХДТ гуфт, Нурализода бо ин рафтори худ ба обрӯи ҳизб ҳамчун узви он халал расонд.

"Рӯзҳои наздик номзади нав ба ҷойи Аскар Нурализода ба вакилии Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Исмоили Сомонӣ пешниҳод мешавад. Дигар ҳизбҳо ҳам номзадҳои худро пешниҳод мекунанд ва интихоб баргузор мешавад", - афзуд манбаъ.

Аскар Нурализода, як масъули раёсати Вазорати рушди иқтисод ва узви Маҷлиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми гирифтани 500 ҳазор доллар пора аз ҷониби маъмурини Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд. Мақомоти Оҷонсӣ гуфтанд, ки Аскар Нурализода барои мусоидат дар гирифтани 10 миллион доллар грант ё кумаки бебозгашти давлатӣ, аз як шаҳрванд 1 миллион доллар хоста буд.

Мақомоти Оҷонсӣ мегӯянд, ин мақоми Вазорати рушди иқтисод ҳангоми гирифтани 490 ҳазор доллар дар назди тарабхонаи “Афсона”-и шаҳри Душанбе дастгир карда шуд. Баъдан ҳангоми тафтиши манзили зисти Нурализода 10 ҳазор доллари дигар, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, ёфт шудааст. Мақомот мегӯянд, Нурализода барои иҷрои ин ваъдааш ба номи ҳамсари худ як хонаи сеҳуҷраӣ талаб намуда, дар чанд ҳолати дигар овардани пули нақдро низ тақозо кардааст.

XS
SM
MD
LG